Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Ӯш зане бо маводи мухаддир боздошт шуд


Дар шаҳри Ӯши Қирғизистон зане барои талоши интиқоли маводи мухаддир ба Русия боздошт шудааст. Сухангӯи гумруки Қирғизистон гуфтааст, Элвира Дюшоналӣ-қизӣ ҳангоме, ки ба қатори Ӯш-Маскав савор мешуд, кормандони гумрук аз бордони вай тақрибан 5,5 килограм ҳероин пайдо кардаанд. Сухангӯи гумрук гуфтааст, нархи ин миқдор ҳероин 100 ҳазор доллар будааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG