Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

СБП болоравии нархи нафтро муваққатӣ медонад


Ҷон Липски-муовини аввали раиси иҷроии Сандуқи Байналмиллалии Пул гуфт, кишварҳои дорои рушди сареи иқтисод мумкин аст аст аз ҳисоби колоҳои худ чунин рушди сареъ доранд. Ба гуфтаи Липски, Чину Бразилия ва кишварҳои дигари дорои рушди сареъ бо таваррум мубориза мекунанд ва сармояҳои воридаро зери контрол гирифтаанд. Болоравии нархи нафт мушкили таваррумро шадидтар кардааст. Бо вуҷуди ин Липски мегӯяд, Сандуқи Байналмиллалии Пул пешгӯии рушди баъдиро сарфи назар намекунад, зеро болоравии нархи нафт муваққатӣ дониста мешавад.
XS
SM
MD
LG