Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Ҷалолобод 2 нафар дар ду инфиҷор кушта шуд


Мақомоти Афғонистон мегӯянд, дар ин кишвар дар натиҷаи инфиҷори ду бам дар шаҳри Ҷалолобод 2 нафар кушта, 19 нафари дигар маҷрӯҳ шудаанд. Сухангӯи волии вилоят гуфтааст, инфиҷори аввал дар назди масҷид рух додааст ва замоне, ки полис барои кӯмак ба осебдидагон ба маҳали инфиҷор шитофтааст, садои инфиҷори дуввум низ ба ҳаво печидааст. Бино ба хабарҳо, дар дохили масҷид рӯҳониюни ҷонибдори давлат бо ҳам мулоқот доштаанд.
XS
SM
MD
LG