Пайвандҳои дастрасӣ

Роберт Гейтс барои қатли наврасони афғон узр хост


Дирӯз Роберт Гейтс-вазири дифои Амрико барои марги наврасони афғон дар ҳамлаи ҳавоии нируҳои НАТО дар Афғонистон узр хост. Вай баъд аз мулоқоташ бо Ҳомид Карзай-раиси ҷумҳури Афғонистон дар як нишасти хабарӣ дар Кобул ин ҳодисаро, ки ҳафтаи гузашта рух дод, “ақибнишинӣ” арзёбӣ кард. Вазири дифои Амрико замоне вориди Кобул шуд, ки муносибот барои иштибоҳи чархболҳои нируҳои НАТО ташдид ёфтааст. Ин чархболҳо 2-юми март иштибоҳан дар вилояти Кунар чанд наврасро дар ҷангал ҳадаф қарор доданд. Роберт Гейтс дар ҷараёни боздиди дурӯзаи худ аз манотиқи шарқӣ ва ҷанубии Афғонистон низ боздид мекунад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG