Пайвандҳои дастрасӣ

Обама ба режими Либия ҳушдор дод


Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико гуфт, ки кишвараш бо ҳампаймонҳои худ дар НАТО дар посух ба саркӯбии хушунатомези мардум аз тарафи режими Муаммар Қаззофӣ- раҳбари Либия роҳҳои низомиро баррасӣ мекунанд. Дар ҳоле, ки даргириҳо миёни сарбозони вафодор ба Қаззофӣ бо нируҳои зиддидавлатӣ идома дорад, Обама таъкид кард, ки Қаззофӣ ва атрофиёнаш барои саркӯбии шаҳрвандон “ҷавоб” хоҳанд дод. Қаблан Андерс Фог Расмуссен-Дабири Кулли паймони НАТО гуфт, бӯҳрони Либия дар садри масъалаҳои дастури рӯзи мулоқоти рӯзҳои панҷшанбе ва ҷумъаи вазирони дифои ин паймон дар Бруссел хоҳад буд.
XS
SM
MD
LG