Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъвати нави Юкия Амано аз Теҳрон


Юкия Амано
Юкия Амано
Юкия Амано, раиси Оҷонси байнулмилалии нерӯи ҳастаӣ ё МАГАТЭ, изҳор намуд, ки Эрон чун пештара далелҳои мӯътамад дар бораи худдорӣ аз коркарди силоҳи ҳастаиро ироа накардааст.

Дар нишасти Шӯрои мудирони МАГАТЭ Амано изҳор намуд, ки Эрон ӯҳдадориҳои худ дар мавриди назорат аз болои барномаи ҳастаиро иҷро намекунад. Ӯ гуфт, ки "иҷрои пурраи ӯҳдадориҳо аз сӯи Эрон барои он зарур аст, ки ҷомеъаи ҷаҳонӣ дар бораи аҳдофи комилан сулҳомези барномаи ҳастаияш эътимод пайдо кунад. Ман аз Эрон даъват мекунам, ки барои татбиқи пурраи созишҳо дар бораи назорат ва иҷрои дигар ӯҳдадориҳо чораҳо андешад".

Эрон мегӯяд, ки ҳадаф аз ғанисозии ураниум дарёфти маводи сӯхт барои реакторҳои ҳастаии кишвар аст. Ва аммо кишварҳои ғарбӣ аз он ҳарос доранд, ки ҳадафи аслии барномаи ҳастаии Эрон дастёбӣ ба силоҳи ҳастаист.
XS
SM
MD
LG