Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сад соли "Рӯзи байналмилалии занон"


Имсол рӯзи 8-уми март бори 100-ум аст, ки ҳамчун "Рӯзи байналмилалии занон" ҷашн гирифта мешавад.

Рӯзи занон дар ибтидо ҳамчун рӯзи ташвиқи баробарҳуқуқии занону мардон, беҳбуди шароити кору зисти онҳо дар кишварҳои ғарбӣ ташкил шуда буд, вале бо мурури замон мамолики ғарбӣ ин идро фаромӯш кардаанду кишварҳои шарқӣ онро ҳамчун иди шабеҳи "Рӯзи Валентин" таҷлил мекунанд.

Ҳоло дар ин рӯз ба занон гулу тӯҳфа медиҳанду мутаассифона, дар бораи ҳуқуқ ва шароити зисту кори онҳо ҳарфи зиёде нест.

Бо ин вуҷуд, имсол "Рӯзи байналмилалии занон", ҳамон тавре ки 100 соли пеш тарҳрезӣ шуда буд, иди байналмилалӣ хоҳад буд, зеро беш аз 100 кишвар эълон кардаанд, ки Рӯзи занонро расман ҷашн мегиранд.

ТАЪРИХИ "ИДИ ЗАНОН"

Бори аввал дар моҳи марти соли 1911, бо тақозои баробарҳуқуқии занону мардон, тақдими ҳаққи кору овоздиҳӣ ва пешбарӣ ба вазифаҳои давлатӣ беш аз як миллион нафар дар кишварҳои Австрия, Дания, Олмон ва Швейтсария раҳпаймоӣ карданд.

"Рӯзи байналмилалии занон" дар Амрико низ то оғози Ҷанги Якуми Ҷаҳонӣ чор сол таҷлил шудааст.



Хонум Розалин Розенберг, устоди таърих дар коллеҷи Барнарди Ню-Йорк мегӯяд: "Дар Амрико ин рӯз аз соли 1908 ҷашн гирифта мешавад. Ҳамон сол 15 ҳазор зани саноати чеварии шаҳри Ню-Йорк, ки аз шароити бади корӣ азият мекашиданд, коршиканӣ карда буданд."

Розенберг меафзояд, эҳтимол сабаби даст кашидани Амрико аз таҷлили Рӯзи занон ин буд, ки Русияи Шӯравӣ ба он таваҷҷӯҳи аз ҳад зиёд нишон медод.

"ДАР ПУЛ БА МО ҲАМРОҲ ШАВ"

Вале имсол раисҷумҳури Амрико Барак Обама пешниҳод кард, ки 8-уми март ҳамчун "Рӯзи байналмилалии занон" ва моҳи марти соли 2011-ум ҳамчун моҳи таърихи занон ҷашн гирифта шавад.

Даҳҳо созмони ғаридавлатии Иёлоти Муттаҳида баргузории маъракаҳои мухталиф бахшида ба занонро дар мамолике монанди Афғонистон, Судон, Ироқ, Руанда, Косово, Босния ва Ҷумҳурии Демократии Конго дар назар гирифтаанд.

Созмони амрикоии "Занон барои Занон" чорабиние зери унвони “Дар пул ба мо ҳамроҳ шав!” тарҳрезӣ кардааст, ки бар пояи он занони 48 кишвари олам дар болои пулҳо ҷамъ мешаванд ва 100-солагии "Рӯзи байналмилалии занон"-ро бо ҷалби таваҷҷӯҳ ба мушкили саросарии онҳо барпо хоҳанд кард.

ИДИ ЗАНОН ВА КОММУНИСТҲО

Дар соли 1975 Созмони Милали Муттаҳид рӯзи 8-уми мартро расман "Рӯзи байналмилалии занон" эълон кард.

Дар он солҳо ҷашни Рӯзи Занон дар кишварҳои блоки коммунистӣ бисёр пурҷӯшу хурӯш буд.

Аммо имрӯз ин ид дар кишварҳои собиқ коммунистӣ бештар ба як иди шабеҳи "Рӯзи Валентин", яъне Рӯзи ошиқон табдил ёфтааст, ки дар он занон аз мардон як тӯҳфае ва ё як даста гул дарёфт мекунанд.

Дар Тоҷикистон, имсол барои севумин бор аст, ки "Рӯзи байналмилалии занон" ба унвони "Рӯзи модарон" таҷлил мешавад.

Дар тақвимҳои тоҷикӣ рӯзи 8-уми март бо хати сурх нишон дода шуда, дар кишвар рӯзи таътил аст.
XS
SM
MD
LG