Пайвандҳои дастрасӣ

Кен Гросс назарашро ба вазъи матбуот баён кард


Кен Гросс, сафири ИМА дар Тоҷикистон

Кен Гросс, сафири ИМА дар Тоҷикистон

Кен Гросс, сафири ИМА дар Тоҷикистон, дар арафаи рӯзи матбуоти тоҷик, ки 11 март таҷлил мешавад, баъзе мулоҳизаҳои худро дар бораи фаъолияти расонаҳои хабарӣ баён намуд. Ба навиштаи ӯ, рӯзноманигорони мустақили Тоҷикистон бо майлу рағбати худ дар рӯшанӣ андохтан ба масъалаҳои мубрами ҷомеа фарқ мекунанд. “Дар тӯли 20 соли истиқлолияти Тоҷикистон хабарнигорони тоҷик лаҳзаҳои ҷангу сулҳро мустанад карданд, масоили иҷтимоию иқтисодиро таҳқиқ мекарданд ва аҳли ҷомеаро аз ҳодисаҳои сиёсӣ воқиф менамуданд.” –гуфтааст ҷаноби Гросс.

Дипломати амрикоӣ афзудаст, ки “рӯзноманигорони ИМА дар рушди давлати мо нақши марказиро мебозанд. Онҳо фасоди ҳукумати моро фош мекунанд, сӯйъистеъмолҳо аз мансабро мустанад мекунанд ва ба сиёсати давлатӣ таъсир мерасонанд».

Аз нигоҳи Кен Гросс, хабарнигорони мустақил дар Тоҷикистон сарфи назар аз рӯ ба рӯшавӣ бо чолишҳо дар бораи масъалаҳои муҳим гузориш медиҳанд.

“Мо итминон дорем, ки барои тақвияти расонаҳои мустақили хабарӣ ҳукумат бояд ба масъулин ва шаҳрвандони худ паёми возеҳ фиристад, ки фишор болои хабарнигорон ва расонаҳои хабарӣ номақбул аст ва ғариқобили таҳаммул аст”, гуфтааст сафири ИМА дар Тоҷикистон ва афзудааст, ки “мо мунтазири ҳамкорӣ бо ҳукумат, ҷомеаи воситаҳои ахбори умум ва ҷомеаи шаҳрвандӣ баҳри таҳкими воситаҳои мустақили ахбори умум дар Тоҷикистонем».
XS
SM
MD
LG