Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Расмуссен: НАТО ба вазъи Либия дахолат намекунад


Israel -- NATO Secretary-General Anders Fogh Rasmussen speaks during the annual 'Herzliya Conference' in the central Israeli city of Herzliya, 09Feb2011
Israel -- NATO Secretary-General Anders Fogh Rasmussen speaks during the annual 'Herzliya Conference' in the central Israeli city of Herzliya, 09Feb2011
НАТО ҳадафи аз роҳи низомӣ дахолат ба вазъи Либияро надорад. Ба ин нукта Дабири кулли Паймон Андерс фог Расмуссен дар як нишасти хабарӣ дар Брюсел таъкид кард.

Ӯ гуфт, ки НАТО ба вазъ дар Ливия бо таваҷҷуҳи зиёд назорат мекунад ва тарҳҳо дар робита ба роҳҳои гуногуни идомаи ҳаводисро таҳия мекунад.

Расмуссен ба думболи Бан Ки Мун, Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, бори дигар аз мақомоти Либия даъват намуд, ки аз истифодаи нерӯ алайҳи мардуми осоишта худдорӣ кунанд.

Дар ҳамин ҳол аз шаҳрҳои Либия дар бораи теъдоди зиёди кушташудагон ва ҷароҳатбардоштагон дар набардҳо миёни нерӯҳои вафодор ба Муаммар Қаззофӣ ва ошӯбгарон иттилоъ мерасад. Шабакаи телевизионии Би-Би-Си аз қавли табибон хабар дод, ки ба бемористони шаҳри Мисрата беш аз 20 ҷасад ва зиёда аз сад маҷрӯҳро овардаанд.

Дар шаҳри Бин Ҷавод, ба иттилоъи табибон, дасти кам 7 нафар кушта ва беш аз 50 тани дигар маҷрӯҳ шудаанд.

Нерӯҳои вафодор ба Қаззофӣ барои забти шаҳри Рас-Лануф талош карданд ва аммо ошӯбгарон онҳоро шикаст доданд.
XS
SM
MD
LG