Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print
Санавбар Шерматова, яке аз хабарнигорон ва таҳлилгарони маъруфи масоили Осиёи марказӣ нобаҳангом оламро падруд гуфт.

Тақрибан 20 соли ахир Санавбар дар Маскав кору зиндагӣ мекард – ӯ хабарнигори рӯзномаи маъруфи “Московские новости”, маҷаллаи “Болъшая политика” ва солҳои ахир узви ҳайати машвараи хабаргузории РИА Новости буд.

Санавбар Шерматова яке аз шореҳони сиёсии ангуштшумор буд, ки масоили Осиёи марказиро хело хуб медонист ва гузоришҳои таҳлилии воқеъбинона менавишт. Ҳафтаҳои ахир ӯ дар бораи ҳаводиси Қирғизистон китоб иншо мекард.
XS
SM
MD
LG