Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Даргузашти Санавбар Шерматова


Санавбар Шерматова, хабарнигор ва коршинос дар умури Осиэи Марказӣ ва Қафқоз

Санавбар Шерматова, хабарнигор ва коршинос дар умури Осиэи Марказӣ ва Қафқоз

Санавбар Шерматова, хабарнигор ва коршиноси маъруф дар умури Осиёи Марказӣ, дар 59-солагӣ, дар Маскав даргузашт.

Хонум Шерматова аз дӯстони наздики Радиои Озодӣ буд, ки ҳар вақт дар масоили марбут ба Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ сӯҳбат мекард.

Людмила Телен, муҳаррири сомонаи бахши русии Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ ҳамроҳ бо Санавбар Шерматова тӯли тақрибан даҳ сол кор кардааст.

Вай мегӯяд, "Санавбар коршиноси намоёни умури Осиёи Марказӣ ва Қафқоз буд. Вай аз ҷумлаи он коршиносоне буд, ки маълумоти доштаи худро на ба ивази гонорар, балки барои он ки метавонад ба ҳамкоронаш кӯмак бикунад, пешниҳод мекард. Мо ҳама вақт медонистем, ки дар лаҳзаҳои зарурӣ ба Санавбар занг зада, аз ӯ машварат бигирем."

Аскар Акаев, раисҷумҳури пешини Қирғизистон, низ даргузашти Санавбар Шерматоваро ба дард қабул карда, онро "бохт" арзёбӣ кардааст.

"Ман дар ин рӯзҳои вазнин барои хонаводаи ӯ, барои наздиконаш ҳамдардӣ мекунам. Шахсан Санавбар Шерматоваро дар 20 соли ахир хуб мешинохтам”
,-афзудааст ӯ.

Аркадий Дубнов, хабарнигори шинохтаи рус ва аз дӯстони наздики Санавбар Шерматова гуфтааст, “тасаввур кардан ғайриимкон аст, ки Санавбар дигар нест.”

Санавбар Шерматова соли 1951 дар Узбакистон зода шудааст. Вай Донишкадаи забон ва адабиёти русро дар шаҳри Тошканд ва факултаи журналистикаро дар дар Донишгоҳи давлатии Мавскав хатм кардааст.

Вай аз ҷумлаи маъруфтарин коршиносон дар умури Осиёи Марказӣ ва Қафқоз буд.

Хонум Шерматова то лаҳзаи охири умраш дар нашрияҳои "Московские новости", "Газета" ва РИА "Новости" фаъолият кардааст.

СӮҲБАТУ НАЗАРҲОИ САНАВБАР ШЕРМАТОВА:

Тафовуту монандиҳои интихоботи Озарбойҷон ва Тоҷикистон

Фурӯдгоҳи Айниро кӣ соҳиб хоҳад шуд?

XS
SM
MD
LG