Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Наото Кан ба истеъфо рафтанӣ нест


Сарвазири Ҷопон Наото Кан бо вуҷуди моҷаро дар атрофи яке аз аъзои ҳукумат қасди ба истеъфо рафтан надорад. Ӯ зимни суханронӣ дар парлумон изҳор намуд, ки то интихоботи соли 2013 дар мақомаш боқӣ хоҳад монд.

Дирӯз вазири умури хориҷии Ҷопон Сейдзӣ Маеҳара баъди моҷарои гирифтани маблағ аз як кореягии муқими кишвар барои маъракаи интихоботӣ аз мақомаш истеъфо дод. Қабули маблағ аз шаҳрвандони хориҷӣ барои маъракаҳои сиёсӣ дар Ҷопон манъ шудааст.

Баъд аз истеъфои Маеҳара мухолифини Ҷопон интихоботи қабл аз вақти парлумониро талаб доранд.
XS
SM
MD
LG