Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Доктор Эвелин, тарҷумони "Марги судхӯр"


Доктор Эвелин Грасси, муҳаққиқи забон ва адабиёти тоҷик дар Итолиё
Доктор Эвелин Грасси, муҳаққиқи забон ва адабиёти тоҷик дар Итолиё

Муддати чанд моҳ аст, ки дар Итолиё забону фарҳанги ин кишвари аврупоиро меомӯзам.

Агарчӣ аз бону Эвелин Грасси, муҳаққиқи забону адабиёти тоҷик дар Итолиё, он қадар дур нестам, вале то кунун бо ӯ вохӯрда натавонистем.

Вале чанд рӯзи пеш, ӯ акси зебои духтареро, ки дар даст сабза дорад, бароям фиристода, шеваи омода кардани “суманак” ва навъҳои онро пурсид. Вай нияти пӯхтану ба дӯстон пешниҳод кардани "суманак"-ро дорад.

Ин бонуи итолиёӣ рӯзҳои наздик ба Тоҷикистон рафта, иди Наврӯзро дар он ҷо, дар ҳалқаи дӯстони тоҷикаш ҷашн хоҳад гирифт.

"МАРГИ СУДХӮР" ДАР "ОРИЕНТЕ МОДЕРНО"

Бону Эвелин давоми якуним соли пас аз сафари охиринаш ба Тоҷикистон чанд мақолаеро ба забони итолиёӣ ва дар робита ба адабиёти тоҷик навишта, дар маҷаллаҳо нашр кард.

Ҳамчунин чанд қиссаеро аз "Ёддоштҳо"-и Садриддин Айнӣ ба итолиёвӣ баргардон намудааст. Ҳоло ба навиштани китоби "Забони тоҷикӣ барои итолиёиҳо" машғул аст.

Охирин мақолаи илмии доктор Эвелин Грасси "Мулохизае чанд роҷеъ ба қиссаи "Марги судхӯр"-и Садриддин Айнӣ" буд, ки дар маҷаллаи "Ориенте Модерно" дар ҳаҷми 20 саҳифа чоп шудааст.

Онро хонда маълумоти зиёди тозае гирифтам. Лекин бояд гуфт, ки вақти хондан монандиҳои зиёдеро ба ҳаёти имрӯзаамон мебинед. Рӯшан аст, ки тавваҷӯҳи хоси муҳаққиқ ба ин асари Айнӣ низ асосан аз ҳамин ҷо маншаъ мегирад.

Эвелин Грасси каме рӯи тарҷумаи ҳол ва ибтидои фаъолияти адабиву мударрисии Айнӣ истода, аз ақидаи адабиётшиносони маъруф роҷеъ ба эҷодиёти Садриддин Айнӣ низ ёдоварӣ кардааст.

САДРИДДИН АЙНӢ ВА СОДИҚ ҲИДОЯТ

Иржи Бечка гуфтааст, "бешубҳа, Содиқ Ҳидоят нависандаи маъруфи эронӣ дар навиштани "Хоҷӣ Оқо" аз "Марги судхӯр"-и Айнӣ илҳом гирифтааст."

Эвелин Грасси маҳорати баланди Айниро дар истифодаи луғат таъкид мекунад, ки ба забони персонажҳои оддиаш вожаҳои мардумии монанди "фарсах"-у "танга"-ро монда, ҳангоми баёни муносибатҳои нави ҷамъияти сармоядории Бухоро "биржаву вексел, сум"-ро истифода мебарад.

Ин бонуи итолиёӣ аз шароити онрӯзаи Бухоро, падидаи судхурӣ, пайдоиш ва ривоҷи он дар минтақаи Осиёи Миёна ба хонандагони итолиёвӣ маълумот медиҳад.

Дар қиёс бо "Ҳоҷӣ Оқо"-и Содиқ Ҳидоят дар баробари монандиҳо аз фарқиятҳои асосӣ ҳам бояд сухан гуфт. Воқеан, ҳарду персонажҳои асосӣ, чи Қорӣ Исмат ва чи Ҳоҷӣ Оқо шахсони хеле бою бераҳму шафқат, вале хасисе мебошанд, ки худро камбағал ва бепул вонамуд карда, аз сахтии рӯзгор шикоят мекунанд.

Аммо агар Қорӣ Исмат дар марҳилаи аввали ҷамъияти сармоядорӣ зиста мизоҷонаш, ё қурбониёнаш деҳқонони оддии бесаводи ҳангоми имзои шартнома фиребхӯрда бошанд, пас, Ҳоҷӣ Оқо намояндаи марҳилаи пешрафтатаре мебошад, ки аз қурби доллар ва тамғаи мошини сабукрав ҳарф мезанад.

РОҲИ САФЕД, ЭВЕЛИН!

"Марги судхӯр" инъикоси даҳсолаҳои охири асри 19, марҳилаи таърихие мебошад, ки ба инкишофи иқтисодиёт дар Осиёи Марказӣ, ба ҷамъоварии капитал оғоз бахшидааст.

Дар ин асари устод Айнӣ аз ҳаёти толибилмон, шароити зисту дарсомӯзии онҳо қисса мешавад. Илова ба ин, як силсила лаҳзаву рӯйдодҳои дигаре низ оварда мешаванд, ки ҳаёти онрӯзаи Бухороро боз ҳам комилтар тасвир мекунанд.

Ба доктор Эвелин Грасси, тарҷумони "Марги судхӯр"-и устод айнӣ ба забони итолиёӣ, дар сафараш ба Тоҷикистон роҳи сафед мехоҳам.

Ҳафиз Қаландаров,
донишҷӯи факултаи «Муносибатҳои байналмиллали»-и
Донишгоҳи Перуҷа, Итолиё
XS
SM
MD
LG