Пайвандҳои дастрасӣ

Имрӯз дар Фаронса мурофиаи додгоҳии раисиҷумҳури пешин Жак Ширак шурӯъ мешавад. Бори аввал дар таърихи муосири Фаронса раҳбари собиқи кишвар мавриди таъқиби додгоҳӣ қарор мегирад.

Жак Ширак дар тақаллуби иттилоъ оид ба таъсиси ҷойҳои кор замони мири шаҳри Порис буданаш айбдор мешавад. Додситонӣ мегӯяд, ки ба ин васила Ширкат маболиғи зиёдеро дар ихтиёри ҳизби худ гузоштааст.

Дар сурати тайид шудани иттиҳом Жак Шираки 78-сола шояд ба мӯҳлати даҳ сол аз озодӣ маҳрум ва ба пардохти 150 ҳазор евро ҷарима маҳкум шавад.
XS
SM
MD
LG