Пайвандҳои дастрасӣ

Ситоиши Вошингтон аз саҳми мусалмонҳои амрикоӣ


Денис Макдонах

Денис Макдонах

Вошингтон аз мусулмонони Амрико барои ҳимояташон аз мубориза бо тундравҳои хушунатгаро ситоиш кард ва аз онҳо хост, ки дар мубориза барои аз байн бурдани "идеологияи тахрибкоронаи шабакаи “Ал Қоида” саҳм бигиранд.

Изҳороти Денис Макдонах, муовини мушовири амнияти миллии Амрико, дар ин бора дар як форум дар Вирҷинияи Шимолӣ садо дод, ки дар он мушкилоти байнимазҳабӣ баҳсу баррасӣ шуданд.

Макдонах афзуд, ҳукумати федеролии ИМА ҳамчунин талош дорад, ки "ақидаи дурӯғин дар ҷомеъаи кишвар дар робита ба мусалмонҳои амрикоиро аз байн бубарад".
XS
SM
MD
LG