Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print
Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, дар раъси як ҳайати баландпояи ҳукуматӣ вориди Исломобод, пойтахти Покистон, шуд.

Дар ин сафар раисиҷумҳурро вазири умури хориҷӣ Ҳамрохон Зарифӣ, мушовири давлатӣ оид ба сиёсати хориҷӣ Эркин Раҳматуллоев, вазирони энерҷӣ ва саноат, рушди иқтисод ва савдо, кишоварзӣ, ҳифзи сиҳат ва дигарон ҳамроҳӣ мекунанд.

Эмомалӣ Раҳмон тайи сафари серӯза бо раисиҷумҳури Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ, нахуствазири кишвар Юсуф Ризо Гелонӣ дидор мебинад ва дар бораи таҳкими равобити дуҷониба ва ҳамкориҳои бештар гуфтугӯ мекунад.

Гуфта мешавад, ҳамкориҳо дар бахши энерҷӣ, аз ҷумла интиқоли нерӯи барқи Тоҷикистон ба Покистон ва имкони ширкати Исломобод дар бунёди нерӯгоҳи Роғун дар меҳвари музокироти ду ҷониб қарор хоҳад гирифт.
XS
SM
MD
LG