Пайвандҳои дастрасӣ

Эътирози Чин ба фурӯши силоҳи амрикоӣ ба Тайван


Вазири умури хориҷии Чин Ян Тсечӣ

Вазири умури хориҷии Чин Ян Тсечӣ

Чин ба Иёлоти Муттаҳида ҳушдор дод, ки фурӯши силоҳ ба Тайван таҳкими равобити миёни Амрикову Чинро ба хатар мувоҷеҳ мекунад.

Вазири умури хориҷии Чин Ян Тсечӣ имрӯз зимни суханронӣ дар Пекин гуфт, ки Чин ба беҳбуди равобит бо Амрико баъд аз сафари ахири раиси Ҷумҳурии мардуми Чин ба Вошингтон умед бастааст.

Чин Тайванро, ки баъд аз ҷанги шаҳрвандӣ дар охирҳои солҳои 40-уми қарни гузашта ҷудо шудааст, қаламрави худ мехонад.
XS
SM
MD
LG