Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гроссман бо мақомоти Покистон музокирот мекунад


Марк Гроссман, фиристодаи нави ИМА дар умури Афғонистону Покистон имрӯз дар Исломобод бо мақомоти Покистон музокирот анҷом медиҳад.

Ин нахустин сафари Гроссман ба минтақа баъд аз пазируфта шуданаш дар ин мақом аст. Қарор аст, ки дипломати амрикоӣ бо раисиҷумҳур, нахуствазир ва раҳбарони хадамоти амниятии Покистону гуфтушунид кунад.

Муносибати миёни Амрикову Покистон баъд аз он сард шуд, ки дар як низоъ дар шаҳри Лоҳур корманди консулгарии ИМА ду покистониро ҳадафи тир қарор дод.
XS
SM
MD
LG