Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нерӯҳои Қаззофӣ Аз-Зовияро таҳти назорат гирифтанд


Мақомоти Либия изҳор намуданд, ки шаҳри Аз-Зовия, воқеъ дар шарқи кишварро, таҳти назорат қарор доданд. Дар ин шаҳр чанд рӯз боз даргириҳои шадид идома доштанд.

Холид Қоим, муовини вазири умури хориҷии Либия, дар нишасти хабарӣ дар Триполӣ гуфт, ки "шаҳр таҳти назорат қарор дорад. Ростӣ, он ҷо теъдоди ками афроде боқӣ мондаанд, ки дар манзилҳои худ ҳатто аъзои хонаводаашонро ҳамчун “сипари зинда” истифода мекунанд". Ӯ афзуд, ки "мо ҳалли ин вазъро бар дӯши мардуми маҳаллӣ вогузоштем. Артиш тасмим гирифт, ки ба ин гуна хонаҳо ҳамла накунад".

Дар ҳамин ҳол аз Либия дар бораи теъдоди зиёди кушташудагон ва ҷароҳатбардоштагон дар набардҳо дар шаҳрҳои соҳилӣ иттилоъ мерасад.

Шабакаи телевизионии Би-Би-Си аз қавли табибон хабар дод, ки ба бемористони шаҳри Мисрата беш аз 20 ҷасад ва беш аз сад маҷрӯҳро овардаанд.

Дар шаҳри Бин Ҷавод, ба гуфтаи табибон, дасти кам 7 нафар кушта ва беш аз 50 нафар маҷрӯҳ шудаанд.

Нерӯҳои вафодор ба Муаммар Қаззофӣ барои забти шаҳри Рас-Лануф талош карданд ва аммо ошӯбгарон онҳоро шикаст доданд.
XS
SM
MD
LG