Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бештари занон аз он шиква мекунанд, ки мардҳо дар баробари онҳо ҳаққи комилро қоил нашудаанд.

“Занро чиву гап заданаш чӣ!?”- аксари шумо ин “лаҷом ба даҳан” заданро борҳо аз забони падару бародар ва ё мардҳои ҳамсоя ҳангоми баҳсҳои муҳими хонаводагӣ ё қабули қарори муҳим шунидаед.

Шарифа, як бонуи тоҷик, ки ин таънаро ҳамеша мешунид, мегӯяд нақши ӯ дар хонаводааш мушаххас буд ва ӯ наметавонист фаротар аз он таваққӯе дошта бошад: "Аз саҳар ки бедор мешудам, ҳавлӣ рӯб, хона рӯб, ягон чиз пухта хӯр, дигар ҳеҷ чиз. Боз саҳар ва боз ҳамон кор. Зан дар хонаводаи мо ҳаққи гап заданро надошт."

Татяна Бозрикова, раҳбари созмони “Перспектива” дар Тоҷикистон мегӯяд, то кунун дар зеҳни бисёре аз аҳли ҷомеаи кишвар, ҳамон қолабҳои қадимӣ беҳтарин намунаи муносибати зану шавҳар шинохта мешаванд.

КӢ "ШОҲ"-И ХОНАДОН?

Ин қолабҳо дар беҳтарин ҳолат мардро "шоҳ"-и хонадон ва занро вазир муаррифӣ мекунанд. Дар бадтарин ҳолат мард "шоҳ"-и хона, зан бошад ошпазу модар, поккору дастнигар ва гапшунав боқӣ мемонад.

Агарчӣ ин қолабҳо дигар ба шеваи зиндагии замони муосир мувофиқ нестанд, вале шикастани онҳо низ кори осон нест.

Татяна Бозрикова мегӯяд: "Зан дар хонаводаи тоҷик асосан вазифаи тарбияи кӯдак ва хӯрокпазиву хонарӯбиро иҷро мекунад, вале дар масъалаи қабули қароре дар хонавода ба мисли хондани писар ё духтар дар донишгоҳ асосан қарори ниҳоиро мард қабул мекунад. Дар
хонаводаҳои чанднаслӣ, аввал ҳарфи падар, бобо, шавҳар, писарони бузурги хонавода ба инобат гирифта мешавад. Дар масъалаи қабули қарори муҳим дар хонавода нақши занро ба ҳадди ақал кам мекунанд.”


Ин гуна шеваи равобити хонаводагӣ бахусус дар рустоҳои Тоҷикистон мушоҳида мешавад, ки мардумаш дар муқоиса ба шаҳрнишинон муҳофизакор ва ба арзишҳои суннативу мазҳабӣ содиқтаранд.

"ХИДМАТГОРИ ХОНАВОДА"

Парвиз Астахов, аз созмони ғайриҳукуматии "Ҳуқуқ ва Беҳбудӣ", ки дар масъалаи баробарҳуқуқии занону мардон барнома иҷро мекунад, мегӯяд, дар рустоҳо ба зан ба ҳайси хидматгори хонавода нигоҳ мекунанд ва аз ин рӯ назари ӯро камтар ба инобат мегиранд: “Дар рустоҳо андешаи занонро камтар ба инобат мегиранд, зеро дар рустоҳо духтарро дар рӯҳияи мутеъ будан ба мард ва ё ҳатто хидматгори мард тарбия мекунанд. Аз ин сабаб
дар деҳот, нақши занро бисёр кам кардаанд ва ӯ асосан нақши иҷрокунандаи корҳои хонаро иҷро мекунад. “


Ва ин ҳам дар ҳолест, ки бо фармони падарон ва ба рағми хоҳиши модарон, ҳазорон духтар дар Тоҷикистон шавҳар карда ва бадбахт шудаанд. Ва ҳазорон падарро пайдо мекунед, ки баъди талоқ гирифтани духтар, аз он пушаймон шудааст, ки чаро нагузошт духтараш таҳсил кунад ва ҳоло ба истилоҳ ба гардани ӯ бор намешуд. Беэътиноӣ ба зан, ба ҳарфи ӯ, нақши ночизи ӯ дар тасмимгириҳо дар хонаводаи тоҷик ба гуфтаи мусоҳибонам омилҳои зиёд дорад, ки баъзе аз онҳо садсолаҳо боз вуҷуд доранд.

Татяна Бозрикова мегӯяд: "Анъанаҳои чандасра, ки вазифаи аслии зан, модар будан ва тарбия кардани фарзанд аст, мард ноновар, раҳбари хонавода аст. Аз он хотир, ки ӯ раҳбари хонавода аст, қарорро низ бояд ӯ қабул кунад. Бо вуҷуди он, ки дар низоми бозаргонӣ, шароит дар ҷомеа, дар хонавода тағйир кардааст, нақшҳо ҳам иваз шудаанд, аммо расмҳои қадима ҳанӯз ҳам побарҷой мондаанд ва албатта нақш муқаррароти мазҳабӣ ҳам дар инҷо ҳаст."

МУШКИЛ: МАЗҲАБУ КАМСАВОДӢ?


Манзур аз тағйири шароит ин аст, ки масалан ҳатто агар зан дар хонавода ноновар бошад ва нақши мардро иҷро кунад, бо вуҷуди ин ҳам ҳарфи ниҳоӣ дар мавриди қарори оилавӣ аз мард аст.

Агарчӣ дар баъзе аз хонаводаҳо, ноноварии занҳо то андозае мардро таҳти фишор қарор медиҳад, ки назари ӯро ба инобат бигиранд. Худи пажӯҳиши
ҳукумати Тоҷикистон нишон додааст, ки дар кишвар сарвари 21 дар сади хонаводаҳо занҳо ҳастанд.

Дигар аз сабабҳои беарзиш будани ҳарфи модар дар хонадон ба гуфтаи Парвиз Астахов, аз созмони Ҳуқуқ ва Беҳбудӣ, ин тарбияи нодурусти фарзанд ва бесаводӣ аст: “Вақте духтар мебинад, ки чӣ гуна падар бо модараш муносибат мекунад, вақте ки ба духтар пайваста мегӯянд, ки чӣ гуна либос пӯшад, ҳарфи шавҳарро нагардонад, дар тамоми масъала ба шавҳар итоат кунад, ӯ ҳам дар ҳамин рӯҳия бузург мешавад. Яке аз сабабҳои асосӣ ин тарбияи нодуруст аст ва дигараш арзишҳои мазҳабӣ аст ва саввум бесаводӣ аст, зеро духтаронро аз синфи 9 аз мактаб мегиранд ва барои шавҳар кардан омода мекунанд. Яъне бесаводӣ сабаби надоштани касб ва сабаби рушд наёфтани шахсияти зан ва надонистани ҳуқуқи ӯ мешавад."

"ШӮРАВӢ БА ЗАНОН ОЗОДӢ ДОД"

Талошҳои давлати Шӯравӣ дар роҳи таъмини баробарии ҷинсӣ то андозае ин суннатҳоро камранг кард, аммо натавонист мӯҳтавои онҳоро дигар кунад. Бо вуҷуди он, ки зан аз хона берун, идоранишину механизатору маҷлисрав шуд, вале дар хона боз ҳам тобеи амри шавҳар буд.

Берун кашидан ва ба кори судманд ҷалб кардани занҳо дар сарнавишти минбаъдаи бонувони тоҷик низ таъсири хуб гузошт. Занҳо соҳиби касбҳои мухталиф шуданд, савияи дониши худро боло бурданд ва аз пойбандии иқтисодӣ ба шавҳар раҳоӣ ёфтанд. Аммо ҳоло дар Тоҷикистон тамоюли
баръакс мушоҳида мешавад.

Татяна Бозрикова мегӯяд: “Дар миёни насли ҷавон суннатҳои падаршоҳӣ тақвият ёфта ва эҳё мешаванд, зеро насли калонсол дар замони шӯравӣ ба воя расидааст, ки ғояву арзишҳо дигар буданд. Насли ҷавон дар замоне ба воя расидааст, ки арзишҳо дигаранд ва онҳо бисёр вақт арзишҳои ахлоқиро нодида мегиранд ва ба арзишҳои падаршоҳӣ бармегарданд бахусус дар мавриди муносибати марду зан.”

Дар як назархоҳие, ки дар ин замина анҷом шудааст, бештар аз нисфи пурсидашудагон дар Тоҷикистон гуфтаанд, ки кори хонаро бояд танҳо зан анҷом диҳад ва тақрибан 70 дар сад гуфтаанд, ки занҳо набояд дар муассисае кор кунанд.

НОБАРОБАРИИ ГЕНДЕРӢ


Ҳамин тамоюл ба гуфтаи Рангина Назриева, коршиноси ҳуқуқи зан дар Тоҷикистон бояд мояи нигаронӣ барои тамоми ҷомеаи кишвар бошад. Ӯ мегӯяд, бо сарфи назар шудани ҳарфи занон дар хонавода ва ҳамчунин танҳо ба ҳайси хидматгор эътироф шудани онҳо як омили ақибмондагии Тоҷикистон аст.

Хонум Назриев афзуд, дар Тоҷикистон нерӯи занон, ки нисфи аҳолиро ташкил додаанд, дар бозори фаъолӣ корӣ истифода намешавад. Хонум Рангина Назриева дар ин маврид, ки агар бо марде ба ӯ бигӯяд, ки фикри зан барояш муҳим нест, ба ин мард чӣ посух хоҳад дод, мегӯяд:

“Мегӯянд, ки ақлҳоро ақлҳо ёрӣ диҳанд. Машварат ҳамеша аз як андеша беҳтар аст, зеро имкон медиҳад, аз иштибоҳи як нафар, ки барои ислоҳи он вақту манобеъи изофӣ сарф мешавад, ҷилавгирӣ кунем."

Шояд бисёриҳо бигӯянд, ки эътирофи нақши боризи зан ва ё додани ҳаққи тасмимгирӣ ба онҳо масъалаи сирф хонаводагист, ки дигарон ба он ҳаққи дахолат надорад.

Аммо Татяна Бозрикова мегӯяд, агар ин масъалаи хонаводагӣ ба ҳамин шева идома кунад, натанҳо насли ҳозираи Тоҷикистон, балки наслҳои баъдиро низ фақир хоҳад кард: “Нобаробарии гендерӣ на танҳо монеи беҳбуди вазъи хонаводаҳо, балки монеи беҳбуди вазъи тамоми ҷомеа мешавад, зеро дар шароити ҳозира агар зан ба ҳайси модар ва як узви равандҳои иҷтимоӣ бесавод монад ва ҳарфаш шунида нашавад, шумо ба пешрафт ноил нахоҳед шуд. Аз ин рӯ ба андешаи ман ин тамоюл на танҳо мушкилоти иҷтимоӣ, балки камбизоатиро дар Тоҷикистон амиқтар хоҳад кард. “

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG