Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СММ намояндаи худро дар Либия таин кард


Бан Ки Мун-Дабири Кулли СММ тақозо кард, ки ба ҳамлаҳо бар зидди шаҳрвандон дар Либия хотима диҳанд. Вай ҳушдор дод, ононе, ки муқаррароти байналмиллалиро нақз мекунанд, ба муҷозот кашонда мешаванд. Бан Ки Мун ин суханонро дар як гуфтугӯи телефонӣ бо Мусо Куса-вазири корҳои хориҷии Либия изҳор дошт. Дабири СММ Абдулиллоҳ Хатиб-вазири пешини корҳои хориҷии Урдунро намояндаи худ дар Либия муаррефӣ кард. Дар Мисрата ба нируҳои Қаззофӣ муяссар шудааст, ки вориди шаҳрак шаванд. Вале баъд аз чанд соат нируҳои мухолифон онҳоро аз шаҳрак берун рондаанд.
XS
SM
MD
LG