Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гузоришҳо дар бораи даргириҳои шадид дар Либия


Бино ба гузоришҳо, рӯзи якшанбе дар Либия нируҳои вафодор ба Муаммар Қаззофӣ-раҳбари ин кишвар дар даргириҳои шадид бо нируҳои мухолифон талош кардаанд, шаҳракҳоро аз мухолифон дар ихтиёри худ бигиранд. Даргириҳои шадид дар Зовия, воқеъ дар наздикии ғарби Троблус-пойтахти кишвар , дар Мисрата дар самти шарқӣ анҷом гирифтааст. Нируҳои Қаззофӣ бо ҳимояти тонкҳову чархболҳо ва тупхонаву ҳавопаймоҳо ба мавзеъҳои мухолифон дар наздикии бандари нафтии Рас Лануф ҳамла бурданд. Шӯришиён аз шаҳри Ҷавод ақибнишинӣ карданд. Ин шаҳр дар роҳ ба сӯи зодгоҳи Муаммар Қазофӣ ҷойгир аст.
XS
SM
MD
LG