Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Ироқ дар инфиҷори бам 6 нафар кушта шудаанд


Дирӯз дар инфиҷори баме дар шаҳри Басраи Ироқ 6 нафар кушта, 12 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд. Бино ба гузоришҳо, бам замоне ба автробус исобат кардааст, ки он аз назди сарбозони газмаи амрикоӣ мегузашт. Дар шаҳри шимолии Ироқ бо номи Калар дафтари як радиои мустақил бо номи “Садо” мавриди бозрасӣ қарор гирифтааст. Ин радио аз ҷараёни тазоҳуроти зиддиҳукуматии ахир душманона барномаҳо пахш мекард. Ин дуввумин амалиёт бар зидди матбуот дар ин минтақаи худмухтор аст, ки аз замони оғози тазоҳуроти зиддиҳукуматӣ анҷом мегирад.
XS
SM
MD
LG