Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазирони нав дар кобинаи Шӯрои низомии Миср


Дирӯз Миср вазирони нави корҳои хориҷӣ, дохилӣ ва адлияро муаррефӣ кард ва бад-ин тариқ мехоҳад аз вазирони режими барканоршудаи Ҳуснӣ Муборак сарфи назар кунад. Набил ал Арабӣ-намояндаи пешини Миср дар СММ ва қозии пешин дар Додгоҳи Байналмиллалии Адл ба ҷои Аҳмад Абул Ғейт курсии вазири корҳои хориҷиро ишғол кард. Аҳмад Абул Ғейт аз соли 2004 то ҳол ин мақомро ишғол мекард. Шӯрои низомии Миср рӯзи панҷшанбе Ессом Шарафро нахуствазири нав таъйин кард. Ин тағирот дар ҳоле анҷом мегирад, ки тазоҳуркунандагон барканории вазирони давраи Ҳуснӣ Муборакро тақозо доранд.
XS
SM
MD
LG