Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Карзай: "Талафоти шаҳрвандон дигар қобили қабул нест"


Ҳомид Карзай-раиси ҷумҳури Афғонистон ба Дэвид Петреус-фармондеҳи нируҳои Амрико дар Афғонистон гуфт, талафоти шаҳрвандони Афғонистон дар амалиёти нируҳои Амрико дар ин кишвар “дигар қобили қабул нест” ва пурсидани “бахшиш кофӣ намебошад”. Ин суханони Карзай дар ҳоле садо медиҳад, ки 2-юми март дар вилояти Кунар 9 наврас ҳангоми ҷамъоварии ҳезум дар ҷангал ҳадафи оташи чархболҳои нируҳои НАТО қарор гирифтаанд ва кушта шудаанд. Садҳо нафар дирӯз дар Кобул гиридиҳам омаданд ва бар зидди ин куштор эътироз карданд. Хонуме бо номи Озода яке аз онҳо буд:

“Маҳофили байналмиллалӣ шоҳиди куштор дар амалиёти нируҳои НАТО шуданд, вале онҳо воқеан ба ин масъала таваҷҷуҳ надоранд. Мо мехоҳем ин масъаларо матраҳ кунем”.

Садҳо нафар афроди гирдиҳамомада дар Кобул акси наврасони кушташударо дар даст доштанд ва бар зидди нируҳои Амрико шиор медоданд
XS
SM
MD
LG