Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нируҳои Қаззофӣ ба ҳамлаи ҷавобӣ гузаштаанд


Дирӯз нируҳои вафодор ба Муаммар Қаззофӣ-раҳбари Либия амалиёти ҷавобиро дар шаҳракҳое оғоз карданд, ки дар дасти шӯришиён аст. Ҷонибдорони Қаззофӣ ба кӯчаву хиёбонҳои Троблус-пойтахти Либия рехтанд ва аз аслиҳаи оташзо ба ҳаво тир холӣ карданд. Мақомоти Либия иддао мекунанд, ки дар баъзи минтақаҳо ба пирӯзӣ ноил шудаанд. Телевизиони давлатии Либия хабар дод, ки нируҳои Қаззофӣ аз пешрафти нируҳои шӯришӣ ҷилавгирӣ кардаанд ва онҳоро ба пойгоҳи шарқии худ ба Бенғозӣ ақиб рондаанд. Аммо шӯришиён дар Зовияву Мисурато мегӯянд, ки онҳо ҳамлаи тонкҳову тупхона ва ҳавопймову чархболҳоро баргардонидаанд ва барои дубора ба даст даровардани шаҳраки Ҷавод муборизаро идома медиҳанд.
XS
SM
MD
LG