Пайвандҳои дастрасӣ

Вазири хориҷаи Миср низ иваз шуд


Миср сафири собиқаш дар СММ Набил ал-Арабиро вазири ҷадиди умури хориҷӣ таъйин кард. Ал-арабӣ, қозии собиқи додгоҳи байналмилалии Ҳейг дар ин симат Аҳмад Абулғайтро иваз мекунад. Поккории кобинаи вазирони Миср аз афроди наздик ба раҳбари собиқаш Ҳуснӣ Муборак идома дорад. Сарвазир Исом Шараф рӯзи панҷшанбе дар пайи эътирозҳо ба ҳузури афроди Ҳуснӣ Муборак дар кобина таъйин шуд. Дирӯз вазири умури дохилии Мисрро низ иваз карданд.
XS
SM
MD
LG