Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иқдоми Бритониё барои раҳоии сарбозонаш дар Либия


Киштии Бритониё дар бҳри Миёназамин
Киштии Бритониё дар бҳри Миёназамин
Бино ба хабарҳо, Бритониё ба хотири раҳоии як воҳиди нирӯҳои вижааш, ки бовар меравад, ба дасти чирикиҳои Либия дар шаҳри Бенғозӣ асир уфтодааст, бо Шӯрои мухолифини ин кишвар вориди музокирот шудааст. Як гурӯҳи ҳуқуқи башар дар Женева хабар дод, ки 8 сарбози нирӯҳои вижаи Бритониё ба дасти чирикиҳо афтодаанд. Лондон қаблан аз таъйид ё такзиби ин хабар худдорӣ варзида, фақат гуфт, ки “як ҳайъати хурди дипломатӣ”-аш дар Бенғозӣ қарор дорад. Рӯзномаи бритониёии "Sunday Times" ибтидо навишт, ки 8 сарбоз ҳамроҳ бо як дипломат ҳангоми сафар ба хотири мулоқот бо мухолифини Муаммар Қаззофӣ асир уфтодаанд.
XS
SM
MD
LG