Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Карзай:"Куштори мардуми мулкӣ нобахшиданист"


Тазоҳуроти Кобул

Тазоҳуроти Кобул

Раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомид Карзай имрӯз ба фармондеҳи нирӯҳои Амрико Девид Петреус гуфт, куштори мардуми мулкӣ аз сӯи нирӯҳои таҳти фармони Амрико дар Афғонистон “ дигар қобили қабул нест” ва нашояд танҳо бо изҳори таассуф иктифо кард. Ин изҳороти Карзай дар пайи ҳалокати 9 тифл бар асари ҳамлаи чархболи НАТО дар вилояти Кунар дар рӯзи 2 март аст. Имрӯз садҳо нафар дар Кобул аксҳои кӯдакони кушташуда дар даст бо шиорҳои «Марг ба Амрико!» ба сӯи маркази пойтахт раҳпаймоӣ карданд. Озода, яке аз эътирозгарон гуфт, ҷомиаи байналмилалӣ набояд дигар ба чунин куштор бефарқ нигоҳ кунад.
НАТО гуфтааст, ин кӯдаконро иштибоҳан чирикиҳои масъули ҳамла ба пойгоҳи Амрико пиндоштаанд.
XS
SM
MD
LG