Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

25 имом-хатиби Суғд аз имтиҳон нагузашт


Масҷиди Чоркӯҳ

Масҷиди Чоркӯҳ

Бино ба гузориши бахши тоҷикии ББС, 25 имом-хатиб дар вилояти Суғд натавонистаанд имтиҳони имсоларо бисупоранд. Мавлон Мухторов, муовини раиси кумитаи дини Тоҷикистон ба ББС гуфтааст, ки аз миёни 23 имом-хатиби масоҷиди шаҳри Хуҷанд 5 нафар ва аз 157 имом дар Исфара 13 нафар дар натиҷаи санҷиш радди салоҳият шудаанд. Санҷиши саводи имом-хатибон бар асоси қонуни нави дини Тоҷикистон аз сӯи кумитаи дин анҷом мешавад. Аммо мунтақидон мегӯянд, ҳадаф аз ин санҷишҳо зери назорати бештари давлат овардани умури динист, ҳарчанд Қонуни асосии Тоҷикистон динро аз давлат ҷудо эълон кардааст.
XS
SM
MD
LG