Пайвандҳои дастрасӣ

Вазири хориҷаи Ҷопон истеъфо медиҳад


Вазири хориҷаи Ҷопон имрӯз эълон кард, ки ба дунболи ҷанҷоли дарёфти кумаки сиёсӣ аз як хориҷӣ истеъфо медиҳад.
Ин тасмими Сейҷӣ Маэҳара ду рӯз баъд аз эътирофи ӯст, ки гуфт, нодониста аз як сокини кореягии Ҷопон пул гирифтааст. Дарёфти ҳадафмандонаи кумакҳои сиёсӣ аз хориҷиён дар Ҷопон амали ғайриқонунӣ маҳсуб мешавад. Истеъфои Маэҳара кобинаи беобрӯи сарвазир Наото Канро зарбаи сахттар мезанад. Кан феълан талош дорад, аз фурӯпошии кобина ва даъвати интихоботи пеш аз мӯҳлат, ки ғолибан ба шикасти ҳизби демократи ӯ хоҳад анҷомид, пешгирӣ кунад.
XS
SM
MD
LG