Пайвандҳои дастрасӣ

Даргузашти муборизи зидди нажодпарастӣ дар Русия


Галина Кожевникова

Галина Кожевникова

Галина Кожевникова аз муборизони зидди нажодпарастӣ дар Русия, дар синни 36 аз як маризии ҷиддӣ даргузашт.

Кожевникова муовини раҳбари "СОВА", як созмони ҳуқуқи башар дар Маскав буд, ки соли 2002 таъсис ёфта, ба ҷамъоварии омори мӯътамад дар бораи мавориди қатлу куштори дар заминаи адовати қавмиву нажодӣ анҷомшуда, шӯҳрат ёфта буд.

Ин омор асосан роҷеъ ба ҳамлаҳое буд, ки гурӯҳҳои қавмгаро алайҳи муҳоҷирони корӣ аз кишварҳои шӯравии собиқ, аз ҷумла Тоҷикистон, анҷом медиҳанд.

"МУБОРИЗИ БЕҲАМТО"

Ҳамсангарони Кожевникова даргузашти ӯро як талафоти бузург барои

Мутмаинам, ки ӯ метавонист дар баҳси масоили бегонабадбинӣ ва адовати қавмӣ бар ҳар мухолифаш дастболо шавад...

ҷабҳаи набард бо бегонабадбинӣ дар Русия меноманд.

Дар Русия, ки аз шахсиятҳои маъруфаш танҳо чанд нафар алайҳи нажодпарастиву қавмгароӣ садо баланд мекунанд, Галина Кожевникова ба сари худ ҳамто надошт.

Муаррихи рус Вячеслав Лихачёв, ки таърихи ҷунбишҳои қавмгароро таҳқиқ мекунад, Галина Кожевниковаро як шахсияти мӯътабару ҳирфаӣ ва инсони хуб ба қалам медиҳад: “Ин барои ӯ бузургтарин кори зиндагиаш шуда буд. Дар меҳвари кори ӯ мубориза бо фашизм қарор дошт, то танҳо анҷоми коре, ки бар дӯши ӯ гузоштаанд. Ӯ аз тарафи гурӯҳҳои навбаромади қавмгаро на як бору ду бор таҳдид гирифта буд. Ӯ мефаҳмид, ки дар кадом ҷабҳаи хатарноке фаъолият дорад ва мефаҳмид, ки ин ҳама барояш бо чӣ метавонад анҷом шавад. Вале ин мубориза интихоби фаҳмидаи Галина буд. Ин арса, метавон гуфт, арсаи муборизаи ӯ буд.”

Русия дар солҳои баъд аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ ба маҳзи мушкилоти иқтисодиву иҷтимоие, ки аз муҳоҷирати корӣ ва афзоиши бадбинӣ нисбат ба мардуми ғайрирус об мехӯрд, дар рӯбарӯи як мавҷи фазояндаи қавмгароиву нажодпарастӣ қарор гирифт.

НАЖОДПАРАСТӢ ВА САРИ БУРИДАИ АЗИЗОВ

Абдулло Саттор

Тайи солҳои охир дар Русия як силсила гурӯҳҳои қавмгарое ба майдон омаданд, ки аксараш барномаи муборизаи худро дар заминаи адоват нисбат ба мардуми ғайрирус ва муҳоҷироне, ки аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, бо шумули Тоҷикистон, ва кишварҳои дигари Шӯравии собиқ ба Русия сарозер мешаванд, дуруст кардаанд.

Ба ҳисоби маркази "СОВА", танҳо тайи 11 моҳи соли гузашта дар Русия 33 нафар дар заминаи адовати қавмӣ кушта шуда, зери 300 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд. Ин созмон, ки Галина Кожевникова аз раҳбаронаш буд, аз ангуштшумор созмонҳоест, ки мавридҳои ҳамлаҳову куштор дар заминаи адовати қавмиву нажодиро дар Русия пайгирона гирдоварӣ карда, қурбониёни чунин ҳамалотро бо кумакҳои ҳуқуқӣ фаро мегирад.

Дар поёни соли 2008 хабари аз танаш ҷудо кардани сари муҳоҷири тоҷик Салоҳиддин Азизов аз сӯи қавмгароёнро низ маҳз Галина Кожевникова нашр кард, чунки қотилон сари буридаи Салоҳиддинро ҳадафмандона дар назди дари дафтари созмони "СОВА" партофта буданд.

Кожевникова аз ангуштшумор афроде буд, ки тамоюли Русия ба самти қавмгароиро башиддан интиқод мекард ва мегуфт, чунин гароиш ба амнияти тамоми кишвар таҳдид мекунад.

"КОРШИНОСИ РАҚАМИ АВВАЛ"

Татяна Локшина, муовини раиси дафтари маскавии Human Rights Watch, як созмони байналмилалии дидбони ҳуқуқи башар Кожевниковаро “коршиноси рақами аввал” дар масоили қавмгароёни тундрав ном бурдааст.
Созмони "СОВА" гуфта, ки Кожевникова бо вуҷуди ин ки аз як маризии сахт ранҷ мекашид, то охирин лаҳзаҳо масруфи кор буд. Гузориши охирини ӯ дар бораи нажодпарастиву бегонабадбинӣ дар Русия дар соли 2010, қарор аст, ба зудӣ нашр шавад.

Наталя Таубина, раҳбари Бунёди “Обшественний вердикт”, Галина Кожевниковаро муҳаққиқи ақидатманде унвон кард, ки ба кори мубориза бо нажодпарастӣ дар кишвараш содиқ монд: "Галя шояд аз он ангуштшумор коршиносоне дар кишвари мо буд, ки ин мавзӯъро хуб мефаҳмид ва дар борааш хеле ҳирфаӣ ва бо санаду истидлол ва бидуни воҳима сӯҳбат мекард. Ман мутмаинам, ки ӯ метавонист дар баҳси масоили бегонабадбинӣ ва адовати қавмӣ бар ҳар мухолифаш дастболо шавад.”

ВОКУНИШИ ТОҶИКОНИ РУСИЯ

Даргузашти Галина Кожевниковаро ҷамъиятҳои муҳоҷирони муқими Русия низ бадард қабул карданд.



Абдуллоҳи Саттор, раҳбари Иттиҳоди тоҷикони Русия ба Радиои Озодӣ гуфт, Галина Кожевникова аз камшумор ҳомиёни ҳуқуқи башар дар Русия буд, ки ба дифоъ аз муҳоҷирони корӣ, аз ҷумла мардикорони тоҷик, самимона ва боҷасорат садо баланд мекард. Ба бовари ӯ, аз даст додани ҳомие чунин хушном барои муҳоҷирони тоҷик талафоти сангин аст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG