Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Лондон боздошти дипломату сарбозонашро шарҳ надод


Бритониё аз таъйид ё такзиби гузоришҳои матбуотӣ дар бораи аз сӯи чирикиҳои Либия дар шаҳри Бенғозӣ дар боздошт қарор доштани як воҳиди нирӯҳои вижаи ҳавоӣ ва як дипломаташ худдорӣ кард. Лондон фақат гуфтааст, ки “як ҳайъати хурди дипломатӣ”-аш дар Бенғозӣ қарор дорад. Рӯзномаи бритониёии "Sunday Times" навишт, ки то 8 сарбоз ҳамроҳ бо як дипломат ҳангоми сафар ба хотири мулоқот бо мухолифини Муаммар Қаззофӣ асир уфтодаанд. Сухангӯи чирикиҳо дар Бенғозӣ, бузургтарин шаҳри таҳти контроли чирикиҳо, низ аз шарҳи ин қазия худдорӣ кардааст.
XS
SM
MD
LG