Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тазоҳуроти садҳо нафар дар Кобул


Имрӯз садҳо нафар дар Кобул, пойтахти Афғонистон, алайҳи ҳалокати 9 кӯдак бар асари ҳамлаи чархболҳои НАТО эътироз карданд. Ин атфол рӯзи 2 март дар вилояти Кунар ҳангоми ҳезумчинӣ ҳадафи ҳамлаи ҳавоӣ қарор гирифтанд. Тазоҳургарон аксҳои кӯдакони кушташуда дар даст бо шиорҳои «Марг ба Амрико!» ба сӯи маркази пойтахт раҳпаймоӣ карданд. Раисиҷумҳури Амрико Барак Обама барои ин рӯйдод ба ҳамтои афғонаш Ҳомид Карзай изҳори «таассуфи амиқ» кардааст.
XS
SM
MD
LG