Пайвандҳои дастрасӣ

Интисоби вазири нави умури дохилаи Миср


Дар Миср дар идомаи раванди аз қудрат дур андохтани мақомоти марбут ба раиси барканоршудаи ин ҷумҳурӣ Ҳуснӣ Муборак вазири нави умури дохила таъйин шуд. , Ба навиштаи хабаргузории расмии Мино, вазири ҷадид генерал Мансур Исавӣ гуфтааст, вазифаи асосии ӯ таҳкими амният дар саросари Миср хоҳад буд. Фаъолони демократияхоҳ поккории кобинаи вазиронро талаб мекунанд, чунки дар он мақомҳои калидии вазоратхонаҳои дифоъ, адлия ва умури дохиливу хориҷӣ то ҳол дар дасти афроди Муборак буд. Худи Муборак рӯзи 11 феврал дар натиҷаи эътирозҳои мардумӣ истеъфо дод.
Бо ин ҳол, дар Миср додгоҳи вазири собиқи умури дохила Ҳабиб Адлӣ бо иттиҳоми фасод оғоз шуд. Адлиро ҳамагӣ чанд рӯз баъд аз истеъфои Муборак дастгир карданд.
XS
SM
MD
LG