Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тирандозиҳо дар пойтахти Либия


Cадои тирандозӣ пойтахти Либия ва канораҳои наздик ба қароргоҳи Муаммар Қаззофиро таккон дод.

Мақомоти Либия мегӯянд, ин тирандозии тарафдорони Қаззофист, ки бо чунин шева, бино ба иддаои онҳо, тасарруфи бандари муҳими нафтии Рослонуфро таҷлил мекунанд.

Аммо чирикиҳо дар Рослонуф мегӯянд, ки шаҳр таҳти назорати онҳо боқӣ мемонад. Ба дунбол, аз шиллик шудани ду мушак аз киштиҳои ҷангӣ болои як таъсисоти нафтӣ дар наздикии Рослонуф низ гузориш расид.

Бо ин ҳол, даргириҳо дар наздикии Рослонуф дар шаҳри Бин Ҷавод шиддат гирифтааст. Чирикиҳо мехоҳанд Бен Ҷаводро ҳамчун пойгоҳ барои вуруд ба Сирт, зодгоҳи Қаззофӣ, истифода кунанд.

Телевизиони давлатии Либия хабар дод, ки нирӯҳои содиқ ба Қаззофӣ шаҳрҳои Зовия ва Мисратаро низ аз дасти чирикиҳо гирифта, ба самти Бенғозӣ, маркази ошӯбҳои зидди ҳукумати 41-солаи Қаззофӣ ҳаракат мекунанд. Аммо ин иддаои режим то ҳол аз ҷониби манобеи мустақил таъйид ё рад нашудааст.

Тайи ду ҳафтаи хушунатҳо дар Либия садҳо нафар кушта шуда, нигарониҳо дар бораи ба ҷанги шаҳрвандие, ки ҳафтаҳо ваё моҳҳоро фаро бигирад, печидани кишвар боқист.

Муаммар Қаззофӣ дар мусоҳиба бо як рӯзномаи Фаронса гуфтааст, агар ӯ канор биравад, Либия ба пойгоҳи гурӯҳҳои террористие, чун Ал-Қоида табдил хоҳад ёфт.

Дар ҳамин ҳол, Вазорати дифои Бритониё то ҳол гузоришҳои матбуотӣ дар бораи ба дасти чирикиҳои Либия асир уфтодани як воҳиди нирӯҳои вижаашро таъйид ё такзиб накардааст.

Рӯзномаи бритониёии "Sunday Times" мегӯяд, ин сарбозон, ки шумори онҳо то 8 нафар гуфта мешавад, дар қаламрави таҳти назорати чирикиҳо як дипломати пойинрутбаи Бритониёро, ки мехост бо нирӯҳои мухолифи Муаммар Қаззофӣ тамос пайдо кунад, ҳамроҳӣ мекарданд.

Гузориши "Sunday Times" мегӯяд, чирикиҳо феълан ин асокири Бритониёро дар Бенғозӣ, маркази ошӯбҳои зидди Қаззофӣ, нигоҳ медоранд. Ҳанӯз рӯшан нест, ки ин дипломате, ки номаш бурда намешавад, ҳамроҳи ин сарбозон дар Либия чӣ мекард.
XS
SM
MD
LG