Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кожевникова, як ҳомии муҳоҷирони тоҷик даргузашт


Галина Кожевникова, яке аз маъруфтарин муборизони зидди қавмгароиву нажодпарастӣ дар Русия, дар синни ҳамагӣ 36-солагӣ аз як маризии ҷиддӣ даргузашт. Галина Кожевникова муовини раҳбари СОВА, як гурӯҳи ҳомии ҳуқуқи башар дар Маскав буд, ки масоили қавмгароиву нажодпарастӣ ва бегонабадбинӣ дар Русияро таҳқиқ мекард. Кожевникова ва созмони СОВА бо омори мӯътамади мавридҳои ҳамлаҳову қатлҳои дар заминаи адовати қавмиву нажодии умдатан алайҳи муҳоҷирон аз кишварҳои шӯравии собиқ анҷомшуда маъруфият пайдо карда буданд.
XS
SM
MD
LG