Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳоҷирони тоҷик дар СНГ севвум будаанд


Бино ба иттилоъи Бонки марказии Русия, муҳоҷирони тоҷик дар соли 2010 аз Русия ба зодгоҳи худ 1,809 миллиард доллар пул фиристодаанд. Тоҷикистон аз ин лиҳоз байни кишварҳои ҳамсӯд баъди Узбакистон ва Украина дар мақоми севвум будааст. Муҳоҷирони узбак соли гузашта аз Русия ба Узбакистон 3,072 миллиард ва украиниҳо 2,216 миллиард доллар пул таҳвил додаанд. Ҳамасола то 1 миллион нафар аз Тоҷикистон худро ба бозори кори Русия мезананд ва маблағе, ки онҳо мефиристанд, муодили 40 дарсади маҷмӯъи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон баровард мешавад.
XS
SM
MD
LG