Пайвандҳои дастрасӣ

Сатҳи таваррум дар Тоҷикистон 11,2 фоиз шудааст


Бино ба гузориши Кумитаи омори кишварҳои ҳамсӯд, дар моҳи январ мизони таваррум дар Тоҷикистон дар муқоиса бо январи соли гузашта 11,2 дарсадро ташкил дод. Аммо баландтарин мизони таваррум ва афзоиши нархҳо дар қаламрави СНГ дар ин муддат дар Қирғизистон мушоҳида шуда, ба 20,6 дарсад баробар будааст.
Ин нишондиҳанда дар Арманистону Беларус 10,6 фоиз ва дар Русия 9,5 дарсад баровард шуда, поинтарин мизони таваррум – 6,7 фоиз – дар Молдова мушоҳида шудааст.
XS
SM
MD
LG