Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътирозҳои Умон то вилояти нафтхези Ҳоима расид


Мақомоти Умон мегӯянд, эътирозҳо бо талаби ислоҳоти иқтисодӣ ба Ҳоима, як минтақаи калидии нафтхез дар ин кишвари нимқораи Араб густариш ёфтааст. Коргарон рӯзи шанбе дар рӯбарӯи бузургтарин кони нафти Ҳоима, ҳудуди 500-километрии Мусқат, пойтахти Умон, бо талаби сармоягузории бештар ба ин вилоят эътироз кардаанд. Умон ҳафтае пеш шоҳиди эътирозҳои густарда бо талаби ҷои кор ва ҳуқуқи бештари сиёсӣ шуд, ки дар ҷараёнаш як тазоҳургар ба ҳалокат расид. Ба дунболи эътирозҳо ҳокими Умон султон Қобус бин Саид ҷиҳати таъсиси 50 000 ҷои корӣ дастур додааст.
XS
SM
MD
LG