Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Нирӯҳои Қаззофӣ Зовияро дубора иҳота карданд


Намозгузории чирикиҳо дар Рослонуф

Намозгузории чирикиҳо дар Рослонуф

Нирӯҳои содиқ ба ҳокими Либия Муаммар Қаззофӣ ба қасди касби дигарбораи назорат шаҳри Зовияро, ки таҳти назорати чирикиҳост, муҳосира кардаанд. Ин талоши ҷадид ба дунболи ҳамлаи субҳи шанбеи ин нирӯҳост, ки ба нокомӣ анҷомид. Бисёри сокинон тарки ин шаҳри воқеъ дар 50-километрии пойтахти Либия –Троблус мекунанд, вале чирикиҳо маркази шаҳрро дар даст дошта, мегӯянд, то охир хоҳанд ҷангид. Бо ин ҳол, нирӯҳои мухолифин дар пайи берун андохтани афроди Қаззофӣ аз бандари нафтии Рослонуф гуфтаанд, ки омодаанд роҳи пойтахт, Троблусро пеш бигиранд.Дар айни замон, шумори қурбониёни таркишҳои рӯзи ҷумъа дар як амбори аслиҳа дар шарқи Либия ба 27 нафар расид. Иллати таркишҳо дар шаҳри Бенғозӣ, бузургтарин шаҳри зери назорати чирикиҳо, норӯшан боқӣ мемонад.
XS
SM
MD
LG