Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Либия ҷанг барои шаҳри Зовия идома дорад


Чирикиҳои Либия бо нирӯҳои содиқ ба ҳокими ин кишвари арабии шимоли Африқо Муаммар Қаззофӣ барои шаҳри Зовия меҷанганд. Нирӯҳои Қаззофӣ талош доранд, ин шаҳри воқеъ дар 50-километрии ғарби пойтахт, Троблусро дубора зери назорат биоранд. Шоҳидон мегӯянд, дар ин даргириҳо аз қувваи тонкҳову силоҳҳои сақил истифода шуда, чирикиҳо маҷбур шудаанд, ба маркази шаҳр ақиб бинишинанд. Дар ҳамин ҳол, шумори қурбониёни таркишҳо дар амборҳои аслиҳа дар шарқи Либия ба 27 нафар расид. Иллати таркишҳо дар шаҳри Бенғозӣ, бузургтарин шаҳри зери назорати чирикиҳо, ҳанӯз рӯшан нест.
XS
SM
MD
LG