Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Идомаи даргириҳои хунин дар Либия


Гузоришҳои расида аз Либия ҳокии даҳҳо қурбонӣ дар натиҷаи даргириҳо байни нирӯҳои содиқ ба ҳокими ин кишвари арабии шимоли Африқо Муаммар Қаззофӣ ва мухолифини ӯст.
Хабаргузории Ройтерс аз қавли сокинони маҳаллӣ хабар дод, ки дар ҷараёни талошҳои нирӯҳои Қаззофӣ барои касби дубораи назорат бар шаҳри Зовия, 50-километрии ғарби пойтахт, Троблус дастикам 30 нафар кушта шуданд. Бино ба хабарҳо, фармондеҳи чирикиҳо дар ин минтақа низ ҷон бохтааст.
Рӯзи ҷумъа даргириҳои хунин барои Рас Лануф, мақари як корхонаи тасфияи нафт, низ рух додааст. Чирикиҳо мегӯянд, назоратро бар ин шаҳр ба даст овардаанд, аммо ин иддао аз сӯи манобеъи мустақил ҳанӯз таъйид нашудааст. Таркишҳо дар як амбори аслиҳа дар Бенғозӣ, бузургтарин шаҳри таҳти назорати мухолифин, то 19 кушта барҷой гузошт. Иллати ин таркишҳо ҳанӯз рӯшан нест, вале бино ба хабарҳо, он зоҳиран натиҷаи ҳамлаҳои ҳавоии нирӯҳои Қаззофӣ набудааст.
XS
SM
MD
LG