Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафаралӣ Сангов дар бемористон даргузашт


Сафаралӣ Сангов, ки ба гуфтаи наздиконаш, ҳангоми боздошт дар шӯъбаи аввали умури дохилаи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе латукӯб шудааст, субҳи шанбе дар бемористони Қарияи Боло даргузашт. Сангов рӯзи 1 март бо иттиҳоми қочоқи маводи мухаддир боздошт шуда буд. Мақомоти умури дохила захмҳои бадани ӯро натиҷаи қасди худкушиаш медонанд. Аммо наздиконаш мегӯянд, ки ӯ ҳангоми боздошт ва сипас дар шӯъбаи умури дохила мавриди шиканҷа қарор гирифтааст.
XS
SM
MD
LG