Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Петербург боз як муҳоҷири тоҷик кушта шуд


Шаби 2 март ҷасади як шаҳрванди Тоҷикистон бо даҳҳо захми корд аз соҳили кӯли Суздал дар Санкт-Петербурги Русия кашф шудааст. Бино ба хабарҳо, ин муҳоҷири 28-сола бо 38 зарби корд кушта шуда, мақомот эҳтимоли даст доштани гурӯҳҳои қавмгаро дар ин ҷиноятро сарфи назар намекунанд. Дар иртикоби ин қазия бо иттиҳоми «куштор» парвандаи ҷиноӣ боз шуда, вале ҳуввияти кушташударо ҳанӯз эълон накардаанд.
XS
SM
MD
LG