Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Афзоиши саршумори мурғу чорво дар Тоҷикистон


Саршумори чорвои калон дар Тоҷикистон дар соли гузашта 40 400 сар, ё 2,2 дарсад афзуда, то 1 феврал болиғ аз 1,8 миллион сар шудааст. Бино ба гузориши хабаргузории «Авесто», тайи ин муддат саршумори бузу гӯсфанд дар кишвар низ 160,9 ҳазор сар афзудааст. Аммо бузургтарин афзоиш дар шумори мурғон мушоҳида мешавад. Теъдоди ин навъи паранда дар Тоҷикистон дар як соли охир 951 000 сар бештар шудааст.
XS
SM
MD
LG