Пайвандҳои дастрасӣ

Давлатшоҳ Элбегиев ба 6 сол маҳкум шуд


Додгоҳи ноҳияи Зареченски вилояти Тулаи Русия шаҳрванди Тоҷикистон Давлатшоҳ Элбегиевро дар сониҳаи рӯзи 30 октябр бо мошини хидматии фармондеҳи нирӯҳои десантии артиши Русия генерал Владимир Шаманов муҷрим шинохта, ӯро ба 6 соли корҳои ислоҳӣ маҳкум кард. Элбегиев гуфтааст, бо ин ҳукм розӣ нест ва ба додгоҳи болотар шикоят хоҳад бурд. Ӯ барои чунин шикоят 10 рӯз фурсат дорад.
Бар асари бархӯрди мошини МАЗ-и Элбегиев бо мошини БМВ-и генерал Шаманов дар яке аз роҳҳои рустоии вилояти Тула дар рӯзи 30 октябр ронандаи генерал ҳалок шуда, худи Шаманов ва сарҳанг Алексей Науметс, фармондеҳи дивизияи 106-уми нирӯҳои десантии артиши Русия ҷароҳатҳои вазнин бардоштанд.
XS
SM
MD
LG