Пайвандҳои дастрасӣ

Баъд аз зӯҳри шанбе ҷасади Сафаралӣ Сангов, як сокини Душанбе дар қабристони маҳаллаи Испечак ба хок супурда шуд.

Наздикони марҳум мегӯянд, ӯ 1-уми марти соли равон аз сӯи кормандони шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Сино шадидан латукӯб шуда, дар бемористони Қаряи Боло бистарӣ буд.

Бобои Сулаймон, аз наздикони Сафаралӣ Сангов ба Радиои Озодӣ гуфт, Сафаралӣ субҳи шанбе, 5 март дар бемористон аз олам чашм пӯшидааст. Вай афзуд, аммо кормандони милиса ҷасади ӯро бидуни огоҳии наздиконаш ба ташхисгоҳ бурдаанд: «Мо дар даҳани дар истода будем, ки як 8-10 то милиса омад. Мо аз дарун «чи гап аст?» гуфта, фарёд баровардем, ки гуфтанд, бистарро биёреду мурдаро баред. Маълум шуд, ки ин фиреби мо будааст. Бистарро овардем, ки аллакай мурдаи моро бурдаанд. Мурдаи моро барвақт бурдаанд. Куҷо? Намедонем. Мурдаамон гум шуд»

Бобои Сулаймон ва дигар наздикони Сафаралӣ Сангов баъд хабар меёбанд, ки ҷасади ӯро ба сардхона барои ташхис бурдаанд. Масъулин аз аз тафсили натиҷаҳои ташхис ба ин далел, ки он расман бояд пас аз се рӯз пахш шавад, худдорӣ карданд

Наздикони Сангов бар онанд, ки ӯ бар асари латукӯби шадиди кормандони милисаи ноҳияи Сино ҷон додааст. Ба қавли онҳо, рӯзи 1-уми март кормандони милиса ӯро дар шоҳидии наздиконаш мавриди латукӯб қарор дода, бидуни ягон санади расмӣ боздошт кардаанд.

Аммо Муҳаммадулло Асадуллоев, сухангӯи вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бо таъйиди марги Сафаралӣ Сангов гуфт, мавсуф ба пояи “далели шаъйӣ” - бо беш аз 470 грам ҳашиш, навъе аз маводи мухаддир боздошт шуда, дар гузашта низ аз сӯи мақомоти Русия ва Тоҷикистон ду маротиба зиндонӣ шудааст: «Ин нафар, ки қаблан ду доғи судӣ дошт, ҳангоми боздошт мехост даст ба худкушӣ занад. Ҷароҳатҳояшро низ аз ин хотир бардоштааст. Ҳоло ин ҳодисаро додситонии ноҳияи Сино мавриди баррасӣ қарор додааст.»

Аммо наздикони Сангов мегӯянд, ӯ соли 1998 баъд аз 5 сол зиндон аз Русия ба ватан баргашта, ронандагӣ мекард ва ба наздикӣ як мағозаи хурд ҳам боз карда буд. Онҳо далели боздошти Санговро ба фаъолиятҳои тиҷориаш рабт медиҳанд ва ба додситонӣ шикоят бурдаанд.

Муҳаммадулло Асадуллоев гуфт, мақомот даъвои наздикони Санговро мавриди таҳқиқ қарор додаанд ва дар ҳоли собит шудан, гунаҳкоронро муҷозот хоҳанд кард.

Тибқи иттилои расмӣ, соли гузашта 85 корманди вазорати корҳои дохилӣ бо ҷиноятҳои гуногун ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд, аммо касе бо ҷурми истифода аз шиканҷаву зӯр муттаҳам нашудааст. Ин ҳам дар ҳолест, ки созмонҳои байнулмилалӣ Тоҷикистонро аз кишварҳое меҳисобанд, ки дар он мақомот аз шиканҷаву бадрафторӣ кор мегиранд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG