Пайвандҳои дастрасӣ

Филми ҳунарии "Сукут", то андозае сукут дар саҳнаи филмофарӣ дар кишварро шикаст.

Ҳайати эҷодии он тасмим гирифтааст, ки ҷиҳати ба навор гирифтани қисмати дуввуми он ба Иёлоти Муттаҳидаи Амрико сафар кунад.

Бинандагони ин филм мегӯянд, ки поёни саҳнаи охирини он, ки бо як лаҳзаи мармуз анҷом меёбад итминон медиҳад, ки «Сукут» идома дорад.

Коргардони ин филм Сироҷиддин Ғафуриён ба радиои Озодӣ гуфт, воқеан онҳо ҳамаҷониба омодагӣ гирифтаанд, ки барои идомаи наворбардории баъзе аз саҳнаҳои ин филм ба Амрико раванд: “Бинандаҳо бисёр тамос мегиранд ва мепурсанд, ки ин филм идома дорад ё не. Дар ҳақиқат мо тақрибан ҳафт нафар узви гурӯҳи эҷодӣ ҳамаи асноди лозимаро омода кардем, ки дар Амрико дар штати Лос-Анҷелос баъзе аз саҳнаҳои қисмати дуввуми «Сукут» ро ба навор гирем. Дар ҳоли ҳозир дар бораи мазмуни қисматҳое, ки дар Амирко ба навор мегирем чизе намегӯем, бигзор бинандаҳо замони тамошо аз он огоҳ шаванд ”

Достони ин филм аз зиндагиномаи як модари танҳо ва фақир бо як фарзанди тақрибан 20 солааш, вале он ҳам гунг, ки як рӯзгори асафбор доранд, қисса мекунад. Ва ҳаводиси мухталиф, аз ҷумла вазъи ҷиноӣ дар кишвар, қочоқи маводи мухаддир ва сангҳои гаронбаҳо дар марз бо Афғонистон, бозиҳои гурӯҳҳои мафиёии тоҷику афғон, бархӯрдҳои гурӯҳҳои мафиёӣ дар Душанберо дар бар мегирад.

Сироҷиддин Ғафуриён мегӯяд, ки саҳнаҳои ин филм дар хоки Афғонистону Тоҷикистон ва дар Маскав ба навор гирифта шуда беш аз 60 ҳазор доллари амрикоӣ барои «Сукут» сарф карда шудааст.

Ин маблағро кадом ширкат ва ё ниҳоде ба гурӯҳи эҷодӣ надодааст, балки худи гурӯҳи эҷодӣ ва ҷавонони хайрхоҳи тоҷик дар Маскав бо ҳар роҳе пул ҷамъ оварда барои «Сукут» харҷ кардаанд. Дар филм қаҳрамонҳо бо ҷипу лимузинҳои гаронбаҳо мегарданд.

Коргардон мегӯяд, аснои наворбардорӣ, бархе аз олигархҳои тоҷик ҳавлиҳои баландҳавои гаронқиммат ва мошинҳои худро ба ихтиёри онҳо гузоштаанд.

Ба гуфти мунаққидон, аз лиҳози маҳорати наворбардорӣ, бозии қаҳрамонҳо, баъзе саҳнаҳо тулонӣ ҳастанд, ки бинандаро хаста намуда ҷараён ва ё динамикаи филмро кунд мекунад.

Тағоймурод Розиқов ҳунарпешаи шинохтаи тоҷик, ки дар ин филм накш офарида аст, мегӯяд: «Ҳамон лаҳзае, ки бача аз хона мебарояду бандҳои туфлиашро бо баҳонаи фирор мебандаду баъд мегурезад хеле тулонӣ аст, мешуд, ки ин саҳна кӯтоҳ карда мешуд ва динамик нигоҳ дошта мешуд. Дар нисбати филми аввали ин коргардони умедбахш, ки «Беҳуда хорам мекунӣ» унвон дорад филми «Сукут» аз лиҳози маҳорати банаворгиӣ ва коргардонӣ ва ҳам мазмуну мӯҳтавои сужетӣ, ҷолибтар аст»

Ба иттилои Студияи сабти ДВД-и «Сорбон», аз 200 ҳазор диски филми «Сукут», ки барои фурӯш ба ихтиёри ин студия гузоштааст, теъдод зиёдаш ба фурӯш рафтааст. Ва дар нисбати филми нахустини Сироҷиддин Ғафуриён, ки «Беҳуда хорам мекунӣ» унвон дошт, дискҳои «Сукут» чанд маротиба бештар харидор пайдо кардааст .

Раиси Иттиҳодияи киноматографистҳои Тоҷикистон Сафари Ҳақдод мегӯяд, ки филми «Сукут» дар ҳоле сохта шудааст, ки дар офаридани филмҳои ҳунарии професионалӣ дар Тоҷикистон як сукути амиқ ҷой дорад. «Ба ин бачаҳо, ки дар як халои филмофарӣ кӯшиш кардаанд ҳамчунин як асари агар содда ҳам бошад офаранд, ташаккур мекунам. Лекин саҳнаҳои он бисёр сабук ҳастанд. Ва бисёр мехостам ин гурӯҳи ҷавонони ташаббускор бисёр биёмӯзанд, дар Донишгоҳҳои байналмилалии киноматографистӣ таҳсил кунанд. Пас аз филми Носир Саидов «Қиёми рӯз», ки барандаи чанд ҷоизаи байналмилалӣ ҳам шуд, то кунун филми ҳунарии профессионалӣ дар Тоҷикистон офарида нашудааст. Ин бисёр як проблемаи ҷиддии ҷомеаи имрӯзи мост, ки аз ҳукумат то оддитарин ҳунарманд дар ин бора бояд бияндешад».

Дар филми «Сукут» актёрҳои шинохта ва касбӣ ба мисли Шералӣ Абдулқайсов, ҳунарпешаи шинохтаи театри Лоҳутӣ ва Қурбон Собиров ҷалб шудаанд. Ҳамчунин бозигарони дигар ҷавононе ҳастанд, ки тоза донишгоҳи ҳунарҳои зебои ба номи Турсунзодаро хатм кардаанд. Ҳайати эҷодии филми «Сукут» тасмим дорад ба дунболи наворгирбардорӣ дар Амрико, як бахши саҳнаҳоро дар шаҳри Дубай ба навор гирад.

Сироҷиддин Ғафуриён коргардони филм мегӯяд, ки ҳадафи онҳо аз сериялҳои «Сукут», дарк кардани сукуту лаҳзаҳои соките аст, ки мо бо чашми сар мебинему аммо дарк намекунем.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG