Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Басра аз мошинҳои обпош истифода карданд


Нируҳоии амниятии Ироқ дар шаҳри Басра воқеъ дар ҷануби кишвар барои пароканда кардани тазоҳуркунандагон аз мошинҳои обпош истифода карданд. Хабаргузоии Ройтерз аз маҳали тазоҳурот хабар медиҳад, ки баъд аз саркашии тазоҳуркунандагон аз тарки майдон нируҳои амниятӣ бо ин роҳ онҳоро аз майдон рондаанд. Бино ба гузоришҳо, баъзе аз рӯзноманигорон низ лату кӯб шудаанд. Рӯзи ҷумъа дар шаҳрҳои дигари бузурги Ироқ низ бар зидди ришвахорӣ ва афзоиши бекорӣ тазоҳуроти эътирозӣ баргузор шуд.
XS
SM
MD
LG